Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии пешсафон дар даври 13-уми Лигаи олии Тоҷикистон


Рӯзҳои 11-13 сентябр бозиҳои даври 13-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор шуд.

Бозиҳои даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии пешсафони мусобиқа ба анҷом расиданд. Рӯзи ҷумъаи 11 сентябр “Истиқлол”-и Душанбе пеш аз сафар ба Малайзия дар майдони худбар тими “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. Ҳисобро дар охири қисми аввли бозӣ Фатҳулло Фатҳуллоев боз кард. Се голи дигарро Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров ва Манучеҳр Ҷалилов дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд.

Дар бозии дигари рӯзи ҷумъа «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозиро бо дастаи меҳмон - «Хайр»-и Ваҳдат - бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Ба голи Кароматулло Саидов (“Вахш”), Мӯҳсин Парпиев (“Хайр”) бо гол посух дод.

Ду бозии дигари даври 13-ум рӯзи шанбеи 12 сентябр барпо гардид. ССКА «Помир»-и Душанбе бар дастаи «Барқи тоҷик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Голи ягонаро Давронҷон Тухтасунов дар дақиқаи 80-ум зад.

«Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионери эронии “Равшан”, ки чаҳор гол зад, қаҳрамони ин бозӣ гардид. Дарвоқеъ, Сӯҳробӣ бо 15 гол дар сабқати беҳтарин голзанҳо ба ҷои аввал баромад. Боз як голи “Равшан”-ро ба дарвозаи “Парвоз” нимҳимоятгар Акуффо Гершон, легионери африқоӣ аз Гана, зад.

Даври 13-уми мусобиқа шоми якшанбеи 13 сентябр дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”, бо бозӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ба поён расид. “Хуҷанд” яке аз рақибони аслиашро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳои мизбононро Дилшод Бозоров дар дақиқаи 38-ум ва Фарҳод Тоҳиров дар дақиқаи 88-ум ва як голи меҳмононро Комил Саидов дар дақиқаи 90+2 заданд.

Чемпионати Тоҷикистон. Лига олӣ. Даври 13-ум

«ИСТИҚЛОЛ» — «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» — 4:0

Голҳо: Фатҳулло Фатҳуллоев, 45+2 (1:0). Аҳтам Назаров, 58 (2:0). Сиёвуш Асроров, 85 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 86 (4:0).

Огоҳонида шуданд: Нуриддин Давронов, Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»), Диловар Бойқузиев, Шероз Сангинов («Далерон-Ӯротеппа»).

11 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 500 тамошобин.

«ВАХШ» — «ХАЙР» — 1:1

Голҳо: Кароматулло Саидов, 45+1 (1:0). Мӯҳсин Парпиев, 65 (1:1).

Огоҳонида шуданд: Муҳаммад Шарифов («Вахш»), Баҳодур Шарифов, Далерҷон Шарифов, Фирӯз Шамсиев («Хайр»).

11 сентябр. Қӯрғонтеппа. Варзишгоҳи «Пахтакор». 1200 тамошобин.

ССКА «ПОМИР» — «БАРҚИ ТОҶИК» — 1:0

Гол: Давронҷон Тухтасунов, 80.

12 сентябр. Душанбе. Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. 100 тамошобин.

«ПАРВОЗ» — «РАВШАН» — 0:5

Голҳо: Ҳусейни Сӯҳробӣ, 30 (0:1). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 34 (0:2). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 47 (0:3). Акуффо Гершон, 62 (0:4). Ҳусейни Сӯҳробӣ, 82 (0:5).

12 сентябр. Бобоҷон Ғафуров. Варзишгоҳи «Фурудгоҳ». 1000 тамошобин.

13 сентябр (якшанбе)

Оғози бозӣ соати 16:30

«ХУҶАНД» — «РЕГАР-ТАДАЗ» - 2:1

Голҳо: Дилшод Бозоров, 38 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 88 (2:0). Комил Саидов, 90+2 (2:1).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 6000 тамошобин.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Истиқлол» (Душанбе)

13

12

1

0

49-2

37

2

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

13

9

3

1

26-9

30

3

«Равшан» (Кӯлоб)

13

8

2

3

30-22

26

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

13

6

5

2

19-10

23

5

«Хайр» (Ваҳдат)

13

6

3

4

17-23

21

6

ССКА «Помир» (Душанбе)

13

5

2

6

9-14

17

7

«Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан)

13

3

3

7

14-22

12

8

«Барқи тоҷик» (Душанбе)

13

2

2

9

10-23

8

9

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

13

1

4

8

4-25

7

10

«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров)

13

0

1

11

3-31

1

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Равшан») – 15 тӯб, Манучеҳр ҶАЛИЛОВ («Истиқлол») – 14 тӯб, Фатҳулло ФАТҲУЛЛОЕВ («Истиқлол»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ») – 8- тӯбӣ, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол»), Ҳасан РУСТАМОВ («Хуҷанд»), Шодибек ҒАФФОРОВ («Равшан»), Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА “Помир”) – 5-тӯбӣ.

XS
SM
MD
LG