Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 3 узви дигари гурӯҳи "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар Ромит


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки зимни амалиёти нерӯҳои интизомии кишвар, рӯзи 13 сентябр боз 3 нафар аз аъзоёни гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода дар дараи Ромит боздошт шуданд. Ба гуфтаи манбаъ, ин гурӯҳ як адад автомати "Калашников", як туфангчаи "Макаров" ва лавозимоти дигар ҷангӣ дарёфт ва мусодира шудааст.

Аз 4 то 13 сентябр дар натиҷаи амалиёти зидди афроди марбут ба генерал Назарзода, беш аз 120 нафар дастгир ва дасти кам 20 нафар кушта шуданд. Мақомот мегӯянд, ки сокинони маҳаллӣ дар дастгир кардани силоҳбадастон кӯмак мекунанд.

Амалиёти зидди гурӯҳи генерал Назарзода рӯзи 4 сентябр шурӯъ шуд. Субҳи барвақт афроди силоҳбадаст ба Шӯъбаи умури дохилаи шаҳри Ваҳдат ҳамла карда, баъдан дар Душанбе дар гардиши фурудгоҳ бо ходимони милиса даргир шуданд. Дар натиҷа, 9 корманди ҳифзи ҳуқуқ кушта шуд.

Ба гуфтаи мақомот, амалиёти нерӯҳои интизомии тоҷик алайҳи гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" дар дараи Ромит идома дорад.

XS
SM
MD
LG