Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозгарон истеъфои ҳукумати Молдоваро талаб доранд


Дар шаҳри Кишинёв-пойтахти Молдова тақрибан 20 ҳазор нафар ба эътироз баромадаанд ва истеъфои Николае Тимофтӣ-раиси ҷумҳур ва истеъфои ҳукуматро тақозо мекунанд, зеро баъд аз як моҷарои бонкӣ дар ин кишвар 1 миллиард доллар ғайб задааст.

Эътирозгарон ҳамчунин талаб доранд, ки моҳи март дар ин кишвар интихоботи зудраси порламонӣ баргузор шавад. Ин эътирозҳоро ҷунбиши Ифтихор ва Ҳақиқати Молдова созмон додааст. Ин ҷунбиш 6 сентябр даҳҳо ҳазор нафарро ба эътироз баровард ва он бузургтарин тазоҳуроти эътирозӣ баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ дар Молдова буд.

Садҳо нафар аз ҳафтаи гузашта то ҳол дар майдони марказӣ дар хаймаҳо ба сар мебаранд ва мегӯянд, ки то замони қабули дархостҳояшон дар майдон хоҳанд монд.

Ҳоло созмондиҳандагони эътироз аз мардум низ хостаанд, ки дар атрофи биноҳои ҳукуматӣ хайма зананд.

XS
SM
MD
LG