Пайвандҳои дастрасӣ

Имконоти Олмон барои қабули муҳоҷирон маҳдуд шудааст


Мақомоти Олмон ҳушдор доданд, ки имконоти Мюнхен-“дарвозаи” аслии вуруди ҳазорон нафар муҳоҷирон ба Олмон барои қабули муҳоҷирон маҳдуд шудааст. 12 сентябр тақрибан 13 015 нафар муҳоҷир вориди ин шаҳр шудаанд.

Бештари ин муҳоҷирон тавассути қаламрави Юнону Македония, Сербистону Маҷористон ва Австрия ба Олмон дохил шудаанд. Саймон Ҳегеволд-сухангӯи пулис гуфт, бо назардошти ин миқдор муҳоҷир метавон гуфт, ки Олмон мувофиқи имконият шумораи зарурии муҳоҷиронро қабул кардааст.

Ҳегевол гуфт, субҳи 13 сентябр низ 700 нафар ба Мюнхен даромадаанд. Қарор аст се қатори роҳи оҳан ин муҳоҷиронро ба шаҳрҳои дигари Олмон интиқол диҳанд.

Аз сӯи дигар муҳоҷироне, ки 12 сентябр ба Маҷористон ворид шудаанд, ба шумораи рекордӣ расидааст. 4330 муҳоҷир пиёда аз марзи Сербистон ба Маҷористон гузаштаанд. Маҷористон сохтмони девори 4 метриро дар марз бо Сербистон тақрибан ба охир расондааст. Ин девори дорои симхор 175 километрро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG