Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Яман ба музокира ҳамроҳ намешавад


Абд Рабу Мансур Ҳодӣ
Абд Рабу Мансур Ҳодӣ

Абд Рабу Мансур Ҳодӣ-раиси ҷумҳури фирории Яман 13 сентябр гуфт, ки вай бо шӯришиёни гурӯҳи ҳусиҳо, ки аз ҷониби Эрон ҳимоят мешаванд, ба музокира нахоҳад нишаст. Вай ҳафтаи гузашта ба музокирот ризоят дода буд.

Дар изҳороте, ки дафтари вай ба нашр расонд гуфта мешавад, ки бо ҳусиҳо музокира сурат нахоҳад гирифт, агар онҳо қатъномаи СММ қабул накунанд ва тибқи он аз маҳаллоти зери назорати худ хориҷ нашаванд ва ҳамаи аслиҳаи аз ниҳодҳои давлатӣ забткардаи худро таслим надиҳанд.

Ҳоло гурӯҳҳои Ҳусӣ шаҳри Санъо-пойтахти Яман ва баъзе аз қисматҳои Яманро зери назорати худ даровардаанд. Нируҳои давлатӣ, ки аз ҷониби Арабистони Саъудӣ ҳимоят мешаванд, аз моҳи март баъд аз фирори Ҳодӣ бар зидди ҳусиҳо мубориза мекунанд. Ҳоло ҳукумати Ҳодӣ дар Арабистони Саъудӣ ҷойгир аст.

Аз оғози даргириҳо то ҳол бештар аз 4 000 нафар дар ҷангҳо ба қатл расидаанд.

XS
SM
MD
LG