Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле, ки амалиёти низомии мақомоти қудратӣ барои боздошт кардани гурӯҳи генерал Абдуҳалим Назарзода идома дорад, Вазорати корҳои дохилӣ аз кори дружиначиёни ихтиёрӣ ва як гурӯҳи вижаи таблиғгарон қадрдонӣ кард.

Қудратулло Ғуломов, мушовири калони Вазири корҳои дохилӣ оиди кор бо ҷомеа рӯзи 12-уми сентябр дар як ҳамоиши вижа дар Кохи Ҷомии пойтахт гуфт, айни ҳол дар як рӯз аз 500 то 550 нафар дружиначиён ва кормандони ғайриштатӣ ба кормандони милитсия ва нозирони минтақавӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳми худро мегузоранд. Вай афзуд, саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ дар ҳифзи назму тартиботи оммавӣ ва пайдо кардани омилони ҷиноят хеле назаррас аст.

“Дружиначиён ҳақ доранд бо шаҳодатномаи хидматиашон аз афроди лозимӣ баёнот бигиранд. Онҳо асосан бо нозирони минтақавӣ ва кормандони оперативӣ ҳамкорӣ мекунанд. Агар дар мавриди сар задани ягон ҷиноят метавонад огоҳ шаванд, ба милиса хабар медиҳанд ва ё худашон низ ҳуқуқ доранд бевосита ба он ҳодиса дахолат кунанд.»

Дар ин шабу рӯзи идома ёфтани амалиёт дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат, мақомот ҳангоми эълон доштани хабар боздошти ҳамроҳони дастаи генералӣ фирорӣ Абдуҳалим Назаров, ҳатман аз кӯмаки сокинон дар боздошти онҳо хотиррасон шуда аз онҳое, ки ба низомиён кӯмак кардаанд, изҳори сипос мекунанд.

Зоҳиран дар пасманзари ин амалиёт мақомот қувваю нерӯи ҳамкорӣ ва кӯмаки мардуми осоиштаро дарк карданд ва ҳамакнун мекӯшанд робитаи хешро бо ҷомеаи бештар кунанд. Аз ҷумла тасмими таъсиси гурӯҳи дружиначиёни ихтиёрӣ низ маҳз ба хотири беҳтар кардани робитаи милиса бо ҷомеа ва эҷоди як пули боварӣ байни ҳам рӯи даст гирифта шудааст.

Дар ин ҳамоиш ба ҷуз аз мақомдорони вазорати умури дохила, боз чанде аз дружиначиёни ихтиёрӣ низ суханронӣ кардаанд. Бештари дружиначиён, ки аз ҳисоби донишҷӯни донишгоҳҳои пойтахт ҳастанд, зимни суханронӣ ҳамчунин кирдори охири содиркардаи Абдуҳалим Назарзода –собиқ муовини вазири мудофеаро “хиёнаткорона” хонда ҳамлаҳои мусаллаҳонаи ӯро алайҳи мақомоти корҳои дохила маҳкум карданд.​

Корманди ғайриштатии милиса ва ё дружиначиёни ихтиёрӣ, ки он ҳам як таҷрибаи маъруфи ҳамкории милиса бо ҷомеа дар шӯравӣ аст, ба ин фаъолият дар асоси шартҳои мушаххас қабул мешаванд. Як шарти асли ин аст, ки шахси хоҳишманд дар гузашта бояд доғи судӣ надошта бошад.

Муҳаммад Муъминзода, як дружиначии ихтиёрӣ, ки дар ҳамоиши имрӯза ширкат дошт, мегӯяд, тӯли ду сол аст, ки дар ноҳияи Рашт ба ҳайси дружиначӣ ба кормандони милиса ва нозирони минтақавӣ кӯмак мерасонад. Вай афзуд: “Мо ба кормандони милиса кӯмак мерасонем. Ҳамчун дружиначӣ мо салоҳиятҳои як афсари милисаро дорем, ки тартиботи ҷамъиятиро нигоҳ дорем. Натиҷаи ҳамин кори мо буд, ки имрӯз мақомоти корҳои дохила моро бо мукофотҳои пулӣ қадр карданд.”

Ба иттилои мақомот, дар ҳоли ҳозир дар кишвар, беш аз 4 ҳазор дружиначиён ва кормандони ғайриштатии милиса фаъолият доранд. Бештари дружиначиён дар вилояти Бадахшон ва минтақаи Рашт аз ҳисоби ҷавонон интихоб шудаанд. Чунки дар гузаштаи начандон дур ин ду минтақаи Тоҷикистон шоҳиди нооромиҳо кӯтоҳмуддат шуда буданд.

Дружиначиёни ихтиёрӣ бар ивази салоҳиятҳояшон маош ва ягон имтиёзи хоси дигаре надоранд. Аммо мақомот мегӯянд, агар дружиначиён дар муддати як сол бо мақомоти милиса ҳамкории хуб дошта дар ошкорсозии ҷиноятҳои зиёде саҳм бигиранд, имкон доранд ҳамчун милиса ба кор қабул карда шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG