Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳороти Путин дар бораи созишномаи Минск


Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, ки барои ҳали бӯҳрони Украина роҳи дигаре ба ҷуз аз иҷрои созишномаи Минск вуҷуд надорад. Вай ин суханонро 12 сентябр дар ҷараёни боздидаш аз меъмориҳои бостонии Херсон дар минтақаи Қрими Украина изҳор дошт. Русия моҳи марти соли 2014 Қримро ба Русия ҳамроҳ кард.

Дар боздид аз Херсон Путинро Силвио Берлусконӣ-нахуствазири пешини Италия ҳамроҳӣ мекунад. Путин гуфт, имкон вуҷуд дорад, ки эътибори созишномаи Минскро дар бораи оташбас ва рафъи бӯҳрони шарқи Украина баъд аз поёни соли ҷорӣ низ тамдид кунанд.

Путин гуфт, Русия наметавонад дар бораи сарнавишти шарқи Украина тасмим бигирад ва роҳи беҳтарин ин аст, ки байни ҳукумати Киев ва раҳбарони ҷудоихоҳи шарқи Украина тамос барқарор шавад.

11 сентябр Петро Порошенко-раиси ҷумҳури Украина дар Киев гуфт, вай дастур додааст, ки созишномаи Минск тамдид нашавад.

XS
SM
MD
LG