Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Давоми се рӯзи оянда ҳама роҳҳои вурудӣ ба шаҳри Душанбе баста мешаванд ва ба ҷуз ҳолатҳои истисноӣ, васоили нақлиёт аз берун иҷозаи вуруд ба пойтахтро надоранд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ба хотири таъмини бехатарии ҳаракат зимни баргузории нишасти Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Душанбе, ки авоили ҳафтаи оянда баргузор мешавад, ҳаракати нақлиёт аз дигар минтақаҳои кишвар ба пойтахт маҳдуд карда мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин муддат ҳаракати нақлиёт аз берун ба пойтахт танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ ва он ҳам барои интиқоли молу амволи муҳими хоҷагии халқ, иҷозат дода мешавад. Дар хабарномаи вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки дар ин муддат афроде, ки бо нақлиёт аз пойтахт ба дигар минтақаҳои кишвар қасди сафар доранд, бояд аз роҳҳои беруншаҳрӣ истифода намоянд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон гуфтааст, ки рӯзҳои 14-15 сентябр зимни баргузории нишасти Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳаракати васоити нақлиёт дар қисматҳое аз шаҳри Душанбе ба таври муваққатӣ манъ карда мешавад. Ин маҳдудиятҳо бештар ба кӯчаву хиёбонҳои марказӣ (протоколӣ) рабт мегирад.

Аз ҷумла рӯзи 14 сентябр аз соати 07.00 то 14.00 дар самти хиёбони Рӯдакӣ-Айнӣ-Дониш то фурудгоҳ, аз соати 17.00 то 22.00 аз хиёбони Рӯдакӣ, аз майдони Сарҳадчиён то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-Бухоро, хиёбони И.Сомонӣ, аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино роҳҳо муваққатан баста мешавад.

Ба иттилои вазорат, рӯзи 15 сентябр бошад ҳаракати нақлиёт аз соати 08.00 то 16.00 дар хиёбони Рӯдакӣ, аз майдони Сарҳадчиён то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-Бухоро, хиёбони И.Сомонӣ, аз хиёбони Рӯдакӣ то хиёбони Сино ва кӯчаҳои ҳамшафати онҳо --Теҳрон, Шероз ва Низоми Ганҷавӣ баста мешавад ва ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд аз кӯчаҳои Айнӣ, Карамов, Дӯстии Халқҳо, Мастонгулов истифода намоянд.

Нишасти Шӯрои Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Душанбе рӯзи 15 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад ва қарор аст дар ин сарони кишварҳои узви ин паймон ширкат намоянд.

Эълони маҳдудияти ҳаракат дар роҳҳои пойтахт ва атрофи он дар ҳоле рӯи даст гирифта шудааст, ки ба дунболи даргирӣ миёни афроди генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон бо нерӯҳои пулис дар Душанбе ва Ваҳдат, тадобири амниятӣ дар кӯчаву хиёбонҳо ва атрофи биноҳои муҳими давлатӣ ба маротиб пурзӯртар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG