Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев хостори ҳамкориҳои кайҳонӣ бо Русия шуд


Назарбоев бо кайҳоннавардон, Остона, 12 сентябр
Назарбоев бо кайҳоннавардон, Остона, 12 сентябр

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон изҳор доштааст, ки кишвараш омода аст бо Русия дар бахши кайҳоннавардӣ ҳамкорӣ кунад. Вай ин нуктаро дар Остона ҳангоми мулоқот бо экипажи киштии кайҳонии "Союз ТМА-16М" изҳор дошт.

Вай гуфт, дар ҷаҳон 200 давлат вуҷуд дорад, вале на ҳар кадоме аз онҳо метавонад кайҳоннаврди худро ба кайҳон фиристад. Қазоқистон бо кӯмаки Русия шаҳрвандони худро ба кайҳон фиристодааст.

Дар гузашта Тохтар Аубакиров ва Талгат Мусабаев ва акнун Айдин Аимбетов ба кайҳон парвоз карданд. Аимбетов дар таркиби ҳайати кайҳоннавардон 10 таҳқиқи кайҳонӣ анҷом додааст. Аз ҷумла, вай вазъи муҳити зист дар ҳавзаи Баҳри Арал ва Баҳри Хазарро омӯхтааст.

12 сентябр кайҳоннавардон аз киштии кайҳонии "Союз ТМА-16М"Геннадий Падалка аз Русия, Айдин Аимбетов аз Қазоқистон ва Андреас Могенсен аз Дания дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон ба замин фуруд омаданд.

XS
SM
MD
LG