Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони Тоҷикистон як қирғизро захмӣ кардаанд


Марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Хадамоти давлатии марзбонии Қиғизистон ба матбуот хабар додааст, ки рӯзи ҷумъа марзбонони Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро захмӣ кардаанд.

Бино ба ин хабар, марзбонони тоҷик 11 сентябр ба сӯи як сокини рустои Раззоқови ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд тир холӣ кардаанд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ин шаҳрванди Қирғизистон 10-15 метр дуртар аз хати марз бо мошини борбари худ дар қаламрави Қирғизистон ҳаракат мекардааст.

Марзбонони Тоҷикистон ин мошинро дидаанд ва аз ронанда хостаанд, ки мошинро нигоҳ дорад. Вале ронанда ҳаракатро давом додааст. Баъд аз он марзбонони тоҷик ба сӯяш оташ кушодаанд. Ронанда аз пояш ҷароҳати саатҳӣ бардоштааст.

Марзбонони қирғиз ба маҳали ҳодиса омадаанд ва ронандаро ба бемористони ноҳияи Лайлак интиқол додаанд. Баъд аз ин ҳодиса ҷонибҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон бо ҳам мулоқот кардаанд. Ҷониби қирғизҳо исбот кардааст, ки марзбонони тоҷик ба сӯи ронанда нодуруст тир холӣ кардаанд.

Ҳоло барои расидагӣ ба ин тирандозӣ парванда боз шудааст. Ҷониби Тоҷикистон дар ин бора хабаре пахш накардаст ва вокуниш ҳам нишон надодааст.

XS
SM
MD
LG