Пайвандҳои дастрасӣ

Дафтари матбуотии вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ба хабаргузориҳои ин кишвар гузориш додааст, ки Русия ба Тоҷикистон 40 тон кӯмаки башарӣ фиристодааст.

Бино ба ин хабар, ҳавопаймои Ил 76-и ин вазорат аз фурудгоҳи Роменское дар шаҳри Маскав бо 40 тон мавод ба Душанбе парвоз кардааст.

Ба ин кӯмакҳо маводи ғизоӣ, аз ҷумла консервҳои гӯшт, моҳӣ, маводи ширӣ, маводи ғизоӣ барои кӯдакон ва дастгоҳҳои муҳаррики тавлидкунандаи барқ дохил мешавад.

Манобеи хабарӣ мегӯянд, ин кӯмакҳо бо дастури ҳукумати Русия ба Тоҷикистон фиристода шудааст.

XS
SM
MD
LG