Пайвандҳои дастрасӣ

Обама ба Маскав барои ёрии низомӣ ба Сурия ҳушдор дод


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико изҳор дошт, ки Маскав бо афзоиши кӯмак ба Башор Асад ба иштибоҳ роҳ медиҳад. Вай дар ҷараёни мулоқот бо низомиён гуфт, “стратегияи онҳо, ки ба кӯмак ба Башор Асад такя мекунад, иштибоҳӣ мебошад”. Ба гуфтаи Обама, ин стратегия ба нокомӣ рӯ ба рӯст.

Ин изҳороти Обама дар ҳоле садо дод, ки вақтҳои охир дар матбуоти Амрико дар бораи кӯмакҳои қобили мулоҳизаи низомии Русия ба Сурия хабарҳои зиёде ба нашр расидаанд.

Баъзе хабарҳо гувоҳӣ медиҳад, ки Русия ба Сурия низомиён ва техникаи низомии худро фиристодааст. То ҳол намояндагони Амрико бо ҳушдорҳои сатҳӣ ба Маскав иктифо кардаанд.

Обама хотирнишон кард, ки чунин рафтори Маскав талошҳоро барои ҳали сиёсии бӯҳрон барҳам мезанад. Дар моҳҳои охир Кохи Сафед изҳори умед мекард, ки барои ҳали бӯҳрони Сурия имкони ҳамкорӣ бо Кохи Кремл пайдо мешавад.

Бино ба изҳороти намояндагони Русия Маскав барои мубориза бо гурӯҳи “Давлати Исломӣ” аслиҳаву муҳимот медиҳад.

XS
SM
MD
LG