Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эътирози ҷавонон дар Арманистон


Ереван, 12 сентябр

Ереван, 12 сентябр

Субҳи 12 сентябр дар Ереван-пойтахти Арманистон пулис аз ниру истифода бурд, то шумораи зиёди эътирозгаронро аз майдони марказӣ дур кунад. Онҳо бар зидди боло рафтани нархи нируи барқ ба эътироз баромада буданд.

Ҳамаи 48 нафар фаъолон боздошт шуданд. Онҳо барои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ҷарима ва сипас раҳо шуданд. Эътирозгарон аслан ҷавонон буданд ва онҳо дар як қисмати хиёбони ба номи маршал Баграмян гирдиҳам омаданд. Дар ин хиёбон бинои раёсати ҷумҳурӣ ҷойгир аст.

Созмондиҳандагони эътироз ҳукуматро муттаҳам мекарданд, ки ваъдаи худро дар бораи ҷуброни боло рафтани нархи нируи барқ иҷро накардаст.

Ҷавонони эътирозгар аз ҳукумат тақозо мекарданд, ки 17 дарсад боло рафтани нархи барқро пардохт кунад, он гуна ки дар моҳи июн ба аҳолӣ қавл дода буд.

XS
SM
MD
LG