Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БМТ ба ташкилотҳои қарзӣ сабукиҳо дод


Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори худ меъёри захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ, ки бояд дар Бонки миллии нигоҳ дошта, поин бурд. Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба “Озодӣ” гуфтанд, ки мизони захираҳои ҳатмии бонкҳо барои пасандозҳо бо пули миллӣ 0,5 дарсад ва бо асъори хориҷӣ 1 дарсад паст карда шуд. Ҳамакнун бонкҳо муваззафанд захираи баробар бо 1,5 дарсади пасандозҳои бо пулли миллӣ гузошташуда ва 7 дарсад пасандозҳои бо пули хориҷӣ гузошташударо дар ихтиёр дошта бошанд. Ин меъёр ба хотири устувории бонкҳо дар тамоми ҷаҳон роиҷ аст. Яъне дар сурати муфлис шудани бонкҳо, муштариён имкон хоҳанд дошт аз ҳисоби ин маблағҳо пулҳои худро бозпас бигиранд. Бонки милли Тоҷикистон бар ивази сабук кардани реҷаи корӣ, ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳоро ӯҳдадор кардааст, ки маблағҳои аз ҳисоби паст шудани захираҳои ҳатмӣ бадастомадаро ҳамчун қарз ба соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар пешниҳод намоянд.

XS
SM
MD
LG