Пайвандҳои дастрасӣ

Бо пешниҳоди ҳукумати ноҳияи Носири Хусрав додситонӣ алайҳи волидайни 11 хонандаи мактабҳои ноҳия барои саркашӣ аз пӯшиши либоси ягонаи мактабӣ, парванда боз кардааст.

Дар ноҳияи Носири Хусрав алайҳи волидайни 11 хонандаи мактабҳои ноҳия барои саркашии фарзандонашо аз пӯшиши ягонаи мактабӣ тибқи моддаи 90 "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" парванда боз кардааст. Ин хонандагон, ки ҳамагӣ духтарҳо будаанд, либосҳои ягонаеро, ки дар ноҳия барои мактаббачаҳо медӯзанд, харидорӣ накарда, аз бозор ба завқи худ либос харидаанд, ки дар як мулоқот раиси ноҳия рӯзи 1 сентябр онҳоро дида сарзаниш кардааст.

Пулиси ноҳияи Носири Хусрав низ ин хабаро тасдиқ карда гуфт, ки ҳоло тибқи моддаи 90 парванда боз шуда ва волидайни онҳо бояд беш аз 120 сомонигӣ ҷарима пардохт намоянд.

Бозоргул Саидова, муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав оид ба корҳои идеалогӣ имрӯз, 11 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки раиси ноҳия Оймаҳмад Рамазонзода, дар як мулоқот бо хонандагони синфҳои мактаби рақами 1-ин ноҳия аз пӯшиши онҳо, ки либосҳои арзишманде доштаанд, нороҳат шуда ва тақозо намуд, ки хонандагон бояд либоси ягона дошта бошанд.

Бозоргул Саидова

Бозоргул Саидова

Хонуми Сайдова гуфт: "Кадоме пул дорад як либоси 300 сомона мехарад ва касе пул надорад, арзон мепӯшад. Хонандагони камбағал инро дида хиҷолат мекашанд. Мақсади мо инаст, ки супориши раиси ноҳия ва масъулини дигарро бояд риоя кунанд."

Имсол дар ноҳияи Носири Хусрав барои таъмини хонандагони 25 мактаби ноҳия ба сару либоси ягона, 6 сехи хурди дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Либосҳои дӯхтаи онҳо барои мактаббачаҳо аз 70 то 100 сомонӣ арзиш дорад.

Назораи пӯшиши ягонаи либос ва ин дӯконҳои дӯзандагӣ бар дӯши ҳукуматҳои маҳал аст, ки пешниҳоди ҳукумати кишвар дар бораи пӯшиши ягона дар мактабҳо иҷро шавад. Хонандагон муваззаф шудаанд, ки бояд аз дӯконҳои дӯзандагии ноҳия либоси ягонаи мактабиро харидорӣ кунад, на аз бозорҳо.

Пулис модари Холида Қаюмова, хонандаи синфи 11-и яке аз мактабҳои ноҳияро, ки бо маблағи зиёда аз 200 сомонӣ либоси мактабӣ харидааст, даъват кардааст. Ӯ мегӯяд, ки ҳанӯз намедонад, ки чанд сомонӣ ҷарима мешавад.

Холида Қаюмова мегӯяд: "Ҳоло намедонам, ки чанд сомонӣ ҷарима кардаанд, имрӯз саломатиям хуб набуд ба мактаб нарафтам, ман фартук пӯшидагӣ будам, намедонам барои чӣ ҷарима кардаанд, моро ҷанг карданд, ба милиса доданд, ҳоло намедонам чӣ шудааст, чун имрӯз ман нарафтам ба дарс, намедонам чанд сомонӣ ҷарима мешавам."

Мурод Раҳмонов, бародари хонандаи дигар Зарифа Раҳмонова гуфт, ки дӯзандаҳо либосе, ки қарор буд аз ноҳия харид мекард ва дар мактаб мепӯшид, ба андозааш надӯхтаанд, бинобар ҳамин либоси дигар пӯшида ба дарс рафтааст: "Либоси хоҳарам хуб дӯхтагӣ набуд, дарозу кӯтоҳ аст ва аз танаш бузург. Куртаи дигар пӯшида ба дарс рафт, вале проблема карда модарамро ба прокуратура даъват кардаанд. Намедонам чӣ мешавад."

Соли дуюм аст, ки дар ҳудуди шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мудирони маорифро дастур додаанд, ки пӯшиши ягонаи мактабиро дар вақти дарс амалӣ кунанд. Аммо аксарияти хонаводаҳо гоҳҳо ба хотири нархи гарони ин либосҳо, ки дар маркази Қӯрғонтеппа аз 100 сомонӣ боло аст, аз хариди он худдорӣ мекунад ва гоҳо ба хотири сифати пасти матоъҳо. Аммо мудирони мактабҳо талош мекунад, ки ин либосҳо харидорӣ шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG