Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳелга Шмидт даргирии ахир дар Тоҷикистонро маҳкум кард


Акс аз сомонаи ВКХ гирифта шудааст

Акс аз сомонаи ВКХ гирифта шудааст

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, 10 сентябр бо ташаббуси ҷониби Иттиҳоди Аврупо сӯҳбати телефонии раҳбари сиёсати хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Муовини Дабири кулли Хадамоти амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмидт баргузор шуд. Дар рафти сӯҳбат ҳамлаи мусаллаҳонаи 4 сентябр ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳи мусаллаҳе ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода ва ҳалокати ходимони милиса баррасӣ шудааст. Дафтари матбуоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон менависад, ки Ҳелга Шмидт ин ҳодисаҳоро маҳкум карда, гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистонро ба хотири боздошти гурӯҳи ҷинояткорон, ҳифзи амнияти давлатӣ ва субот дастгирӣ мекунад.

Ҳ.Шмидт гуфтааст, ки Иттиҳоди Аврупо омода аст бо Тоҷикистон дар соҳаи амният, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм ҳамкориҳояшро густариш диҳад.

XS
SM
MD
LG