Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷо Байден дар интихобот ширкат мекунад?


Ҷо Байден

Ҷо Байден

Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, ки вайто ҳол мутмаин нест, ки номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад, зеро баъд аз марги писараш Беу Байден ҳанӯз ғусса дорад.Интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Амрико соли 2016 баргузор мешавад.

Вай дар як мусоҳибаи эҳсосотӣ дар барномаи "The Late Show" ё “Намоиши шабона” 11 сентябр гуфт, бовар надорад, ки ба мушиклоти маъракаҳои интихоботӣ баъди аз даст додани писараш тоб орад. Писараш Беу Байден моҳи маи соли ҷорӣ дар синни 46 солагӣ аз бемории саратони мағз даргузашт. Вай корманди низомӣ буд.

Ҳоло аз Ҳизби Демократ Ҳилларӣ Клинтон-вазири пешини корҳои хориҷаи Амрико дар сафи пеши муборизаҳои интихоботӣ қарор дорад. Аз ин ҳизб рақиби наздиктаринаш Бернӣ Сандерс-сенатори пешини Вермонт мебошад.

XS
SM
MD
LG