Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо хостори раҳоии се зиндонии сиёсӣ шуд


Вакилони порламони Аврупо аз мақомоти Русия хостаанд, ки фавран афсари эстонии зиндонӣ дар Русия Эстон Кохвер, коргардони украинӣ Олег Сентсов ва фаъоли украинӣ Александр Колченко раҳо карда шаванд.

Дар қатъномае, ки рӯзи панҷшанбе гурӯҳҳои аслии порламони Аврупо аз он ҳимоят кард, аз мавридҳои рабудани шаҳрвандони ин ду кишвар низ интиқод шудааст.

Эстон Кохвер ахиран ба иттиҳоми ҷосусӣ ва убури ғайриқонунӣ аз марз ба 15 соли зиндон маҳкум шуд. Дар Таллин иддао доранд, ки Кохвер соле пеш дар Эстония рабуда ва сипас ба Русия оварда шудааст. Сентсов ва Колченко, ки моҳи марти соли гузашта дар Қрими аз сӯйи Русия тасарруфшуда боздошт шудаанд, ба иттиҳоми терроризм муҷозот шудаанд. Сентсов ба муддати 20 Колченко 10 соли зиндонӣ шудаанд.

Вакилони порламони Аврупо ҳамчунин аз мақомоти Озарбойҷон даъват кардаанд, ки фавран хабарнигор Хадиҷа Исмоиловаро раҳо кунанд. 1 сентябри соли ҷорӣ ин хабарнигор ба ҳафту ним соли зиндон маҳкум шуд ва тарафдоронаш мегӯянд, ин ҳукм барои гузоришҳояш дар бораи фасод дар миёни мақомоти баландпояи Озарбойҷон содир гаштааст.

XS
SM
MD
LG