Пайвандҳои дастрасӣ

Словакия ва Украина аз “Маҷрои шимолӣ-2” интиқод карданд


Сарвазирони Словакия ва Украина Роберт Фитсо ва Арсений Ятсенюк созишномаи ахири “Газпром” бо ширкатҳои энержии ғарбӣ барои сохтмони хатти дуввуми лӯлаи гази Русия-Аврупои Ғарбиро мавриди интиқод қарор доданд.

Баъд аз мулоқоти рӯзи панҷшанбе дар Братислава Фитсо ин қарордодро “хиёнат” номид ва нахуствазири Украина Ятсенюк тарҳи ин сохтмонро “заддиаврупоӣ ва зиддиукраинӣ” унвон кард. Ба гуфтаи Арсений Ятсенюк, тарҳи “Маҷрои шимолӣ – 2” Украинаро аз имкони ба даст овардани 2 миллиард доллар фоида ва Словакияро аз ҳудуди 800 миллион доллар суд аз транзити гази Русия маҳрум месозад.

Тарҳи нав сохтмони ду лӯлаи газ аз Русия ба Олмон дар бистари баҳри Балтикаро дар назар дорад. Полша низ ин тарҳро танқид мекунад.

XS
SM
MD
LG