Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон таҳдидҳои террористӣ бештар мешаванд


Як намояндаи боломақоми ниҳодҳои амниятии Қирғизистон изҳор дошт, ки дар ин кишвар хатари терроризм ва тундгароӣ бар зидди давлату ҷомеа ва шахсият бештар мешавад.

Рустам Мамасадиков-муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҳамчунин дар бораи иқдомоти КДАМ барои ошкорсозӣ ва ҷилавгирӣ аз ин гуна ҷиноятҳо ва тақвияти мубориза бо терроризм ва тундгароӣ хабар дод.

Мамасадиков зикр кард, ки ин тадбирҳо бо дарназардошти вазъият дар Ховари Миёна ва фаъолшавии бархе аз созмонҳои террористӣ ва тундгаро дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон анҷом дода мешаванд.

Дар ҷаласаи Шӯрои мудофиа, ки дар он ин изҳорот садо дод, раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев зикр кард, ки дар солҳои ахир давлат ба масоили сиёсати динӣ бо ҳадафи пешгирӣ аз терроризм ва тундгароӣ, ҷилавгирӣ аз ҷалби шаҳрвандони Қирғизистон ба сафи созмонҳои ифротӣ диққати вижа медиҳад. Ба эътиқоди раиси ҷумҳур, ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ бояд барои ҷилавгирӣ аз ин хатарҳо фаъолияти худро тақвият диҳанд.

XS
SM
MD
LG