Пайвандҳои дастрасӣ

Дар масоҷиди Ӯзбекистон ҷамъоварии пахтаро таблиғ мекунанд


Дар оғози маросими ҷамъоварии пахта дар масҷидҳои Ӯзбекистон имом-хатибон аз Оллоҳ ҳосили фаровон хоста, хутбаҳоеро мехонанд, ки мусалмонҳоро ба кӯмак ба ҷамъоварии пахта таблиғ мекунанд.

Яке аз масъулони масҷиди Хӯҷа Аламбардор дар шаҳри Тошканд гуфт, ки хутбаҳо бо даъвати аҳолӣ ба ҷамъоварии пахта бо дастури Идораи мусалмонони Ӯзбакистон хонда мешаванд. Вай гуфт: “Дар бораи аҳамияти пахта барои кишвар ва зарурати чидани он сухан карда мешаванд”.

Ба иттилои бахшҳои минтақавии Идораи мусалмонони Ӯзбекистон супориши масъулиятноки имом-хатибон дар мавсими ҷамъоварии пахта на танҳо аз таблиғи ҷамъоварии ҳосили пахта, балки аз ширкати худи масъулон дар ин маърака иборат аст.

Созмонҳои байналмиллалӣ аз мақомоти ӯзбак барои ҷалби мардум ба корҳои маҷбурӣ дар умури кишоварзӣ ва саҳроҳои пахта пайваста интиқод мекунанд.

XS
SM
MD
LG