Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев ба кишвараш номи рамзӣ дод


Нурсултон Назарбоев
Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон ба кишвари худ номи рамзӣ дод ва онро “Сарзамини биёбони бузург” номид. Вай зимни суханронии худ дар маросими 550 солагии хонигарии қазоқ дар Остона гуфт, ки ин номи ғайрирасмии Қазоқистон бозтоби хусусияти қавмиятҳои гуногуни он мебошад.

11 сентябр дар Остона ҷашни 550 солагии ташкили хонигарии қазоқ оғоз ёфт ва мулоқоти панҷуми кишварҳои туркзабон ё Шӯрои кишварҳои туркзабон, яъне Туркияву Озарбойҷон ва Қазоқистону Қирғизистон баргузор шуд.

Илҳом Алиев ва Алмосбек Атамбоев-раисони ҷумҳуриҳои Озарбойҷону Қирғизистон дар маросимҳои ҷашни солгарди хонигарӣ ширкат доранд.

Назарбоев ақидаи баргузории 550 солагии хонигариро замоне матраҳ кард, ки Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия моҳи августи соли 2014 гуфт, “қазоқҳо ҳеҷ гоҳ сарзамини худро надоштанд”.

XS
SM
MD
LG