Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2000 нафар аз Сурия ба Қафқоз фирор кардаанд


Мақомоти Кабардино-Балкар изҳор доштаанд, ки тақрибан 2000 нафар аз Сурия ба Қафқоз омадаанд ва паноҳгоҳ меҷӯянд. Юрий Коков-сухангӯи раҳбари Карбардино-Балкар изҳор дошт, ки аксари паноҳҷӯён черкесҳои Сурия мебошанд, ки гузаштагони онҳо дар Қафқоз зиндагӣ кардаанд.

Максим Шевченко-узви Шӯрои назди раёсати ҷумҳурии Русия оид ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон изҳор доштааст, ки Русия метавонад аз 50 то 100 ҳазор паноҳҷӯёни черкеси муқими Сурияро қабул кунад.

Садҳо ҳазор аз табори черкесу убих, абхазу абазин дар солҳои 1964-1967 дар солҳои ҷанги русҳо бо черкесҳо маҳаллоти зисти худро тарк кардаанд ва ба минтақае кӯч бастанд, ки ҳоло дар он ҷо Сурия ҷойгир аст.

То оғози ҷангҳо дар Сурия 80 ҳазор черкес зиндагӣ мекард. Коков гуфт, ин нукта набояд аз мадди назар дур бимонад, ки як ҷо бо паноҳҷӯён аъзои гурӯҳҳои террористӣ вориди ин ҷумҳурӣ нашаванд.

XS
SM
MD
LG