Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни маъмурияти сафири Амрико дар Тоҷикистон


Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон.
Сюзан Эллиотт, сафири Амрико дар Тоҷикистон.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотл дар поён моҳи сентябр кишварро тарк мекунад. Хонум Эллиот рӯзи 11-уми сентябр гуфтааст, аввали моҳи октябри соли равон аз сафирии ӯ дар Тоҷикистон 3 соли расо пур мешавад ва бо ҳамин маъмурияти ӯ низ дар ин кишвар анҷом меёбад. Дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebokе хонум Эллиотт дар ин бора навиштааст: “Вақт зуд мегузарад, вақте, ки шумо кори бузурге доред. Ман Тоҷикистонро ёд хоҳам кард пас аз оне, ки ин кишварро дар моҳи октябр тарк мекунам”.

Дар ҳамин ҳол, хонум Эллиотт навиштааст, кори минбаъдаи ӯ дар Штутгарди Олмон хоҳад буд. Хонум Эллиот дар Маркази аврупоии низомии Аврупо вазифаи мушовири сиёсии фармондеҳи ин марказро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Хонум Эллиот моҳи октябри соли 2012 вориди Тоҷикистон шуда, эътимодномаи худро ба раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супорида буд. Дар даврони хонум Эллиот сафорати Амрико беш аз ҳама барои қавитар кардани нерӯҳои марзбонии Тоҷикитстон кӯмакҳои зиёди фанниву молӣ расонида буд.

XS
SM
MD
LG