Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" бо "Далерон" рақобат мекунад, "Вахш" бо "Хайр"


Рӯзҳои 11-13 сентябр бозиҳои даври 13-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Бозиҳои даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 11-13 сентябр баргузор мешаванд. Бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳо миёни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) — «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) ва «Вахш» (Қӯрғонтеппа) — «Хайр» (Ваҳдат) аз 13-ум ба 11-уми сентябр гузаронида шуданд.

Чунин тасмим барои он гирифта шудааст, ки “Истиқлол» бозии ҷавобии чаҳорякниҳоии Ҷоми АФК-2015-ро муқобили «Паҳанг»-и Малайзия анҷом медиҳад. “Вахш» бошад, ки бозигаронаш асоси мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро ташкил медиҳад, рӯзи якшанбеи 13-уми сентябр барои баргузории ҷамъомади таълимиву тамринӣ ба Эрон сафар мекунад.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 13-ум

11 сентябр (ҷумъа)

Оғози бозиҳо - соати 16:30

«ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе) — «ДАЛЕРОН-ӮРОТЕППА» (Истаравшан)

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

«ВАХШ» (Қӯрғонтеппа) — «ХАЙР» (Ваҳдат)

Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор).

Қӯрғонтеппа, варзишгоҳи «Пахтакор»

12 сентябр (шанбе)

Оғози бозиҳо - соати 16:30

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) — «БАРҚИ ТОҶИК» (Душанбе)

Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон

«ПАРВОЗ» (Бобоҷон Ғафуров) — «РАВШАН» (Кӯлоб)

Сардовар: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе).

Бобоҷон Ғафуров, варзишгоҳи «Фурудгоҳ»

13 сентябр (якшанбе)

Оғози бозиҳо соати 16:30

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) — «РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода)

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»

XS
SM
MD
LG