Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи “Антикоррупсия” барандаи Ҷоми “Истиқлол” оид ба футболи хурд гардид.

Дастаи “Антикоррупсия” дар севумин мусобиқаи футболи хурд барои Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” ғолиб омад. Ин даста дар бозии ниҳоӣ, ки шаби панҷшанбеи 10 сентябр дар майдончаи маснӯии Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардид, бар тими “Истиқлол” бо ҳисоби 4:2 пирӯз шуд.

Се голи дастаи ғолибро Зоир Толибшозода ба ҳадаф расонд. Як голи дигарро Миралӣ Шарифов, собиқ дарвозабони мунтахаби футзали Тоҷикистон, зад. Голҳои «Истиқлол»-ро Шаҳзод Сулаймонов, менеҷери даста ва Юсуф Рабиев, мураббии дастаи ҷавонон, вориди дарвоза карданд.

Дастаи “Ориёнбонк” барои ҷойи севум бар тими Федератсияи футболи Тоҷикистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 5:3 пирӯз шуд. Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.

Мусобиқаи имсола, ки аз 8 август то 10 сентябр бо ширкати 27 даста баргузор шуд, ба ҷашни 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 70 ҳазор сомониро ташкил медод. Ба дастаи ғолиб – “Антикоррупсия” - ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи “Истиқлол” ҳамчун финалист 20 ҳазор сомонӣ супурда шуд. Дастаи “Ориёнбонк”, ки ҷойи севумро гирифт, бо 10 ҳазор сомонӣ сарфароз гардид.

Инчунин беҳтарин бозигарон бо ҷоизаҳо сарфароз шуданд. Фирӯз Зайниддинов (“Ориёнбонк”) беҳтарин дарвозабон ва Самандар Мирзоев («Антикоррупсия) беҳтарин бозигар дониста шуданд. Ҷамшед Исмоилов (“Динамо”), ки ҳамагӣ 28 гол задааст, беҳтарин нишонзани ин мусобиқа гардид.

Бояд тазаккур дод, дастаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки ду бор барандаи Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» гардида буд, дар мусобиқаи имсола дар даври ниманиҳоӣ аз тими “Антикоррупсия” шикаст хӯрд.

XS
SM
MD
LG