Пайвандҳои дастрасӣ

Русия дар марз бо Украина пойгоҳ месозад


Бино ба гузоришҳо, Русия ба бунёди як пойгоҳи бузурги низомӣ дар вилояти Белгород дар марз бо Украина шурӯъ кардааст. Хабаргузории “Ройтерс” гузориш дод, ки рӯзи 7-уми сентябр коргарон ба кашидани девор дар атрофи пойгоҳи оянда дар шаҳри Валюки шурӯъ кардаанд. Хабаргузорӣ бо истинод ба санадҳои вазорати дифоъ навиштааст, ки пойгоҳи мазкур дар масоҳати 300 гектар сохта мешавад. Дар ин пойгоҳи низомӣ анбори аслиҳа ва казармаҳо барои 3500 сарбоз ва маркази истироҳат, майдони конкитозӣ ва ҳавзи оббозӣ ҷойгир мешавад. Вазорати дифои Русия қасд доштааст, дар ин пойгоҳ ба сарбозон истифодаи тӯпхона, системаи дифои ҳавоӣ ва рондани мошинҳои зиреҳпӯшро ёд бидиҳад. Айни замон дар инҷо, шеваҳои ҷангии низомиёни Амрикоро меомӯхтаанд. Ҳукумати Киев ва кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Русия ба ҷудоиталабон дар шарқи Украина бо аслиҳа ва сарбоз кӯмак мекунад. Маскав ин иддаоҳоро рад кардааст.

XS
SM
MD
LG