Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии НАТО ва Амрико аз амалкарди Русия


Паймони Низомии Атлантики Шимолӣ ва Амрико аз гузоришҳо дар бораи тақвияти фаъолиятҳои низомии Русия дар Сурия изҳори нигаронӣ кардаанд. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, рӯзи 9-уми сентябр ҳангоми сафараш дар шаҳри Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чехия, гуфт, фаъолиятҳои Русия дар Сурия, ба “ҳалли муноқиша” дар он кишвар мусоидат намекунад. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, ҳам дар як сӯҳбати телефонӣ ба Сергей Лавров, ҳамтои русаш айни нигарониро изҳор кардааст. Ҷон Кирби, сухангӯи вазорат, гуфт, Ҷон Керрӣ возеҳ кардааст, ки агар гузоришҳо дар бораи фаъолиятҳои низомии Русия дар Сурия дуруст бошанд, “пас сабаби хушунати бештар мешаванд ва аслан кумаккунанда нестанд.” Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, Сергей Лавров ба аҳамияти “посухи дастаҷамъона ба гурӯҳҳои террористӣ, ки бахши бузурги Сурияро ишғол кардаанд”, таъкид кардааст. Русия яке аз муттаҳидони калидии ҳукумати Башшор Асад, раиси ҷумҳури Сурия аст ва эътироф кардааст, ки дар тӯли ҷанги чаҳорсолаи дохилӣ дар ин кишвар ба онҷо аслиҳа ва коршиносони низомӣ фиристодааст. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико даъват кардааст, ки Башшор Асад аз мақомаш биравад.

XS
SM
MD
LG