Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъхир дар раъйгирӣ дар бораи созиш бо Эрон


Раҳбарони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагони Амрико раъйгирӣ дар бораи тавофуқномаи атомӣ бо Эронро, ки қарор буд, рӯзи 9-уми сентябр сурат бигирад, ба таъхир андохтанд. Айни замон ҷумҳурихоҳон барои рад кардани тавофуқи атомӣ ҳимояти кофӣ надоранд ва акнун мехоҳанд, бо таҳияи се санади нав, пеши роҳи тасвиби тавофуқномаи фарогири атомӣ бо Эронро бигиранд. Вакилони муҳофизакори Ҳизби ҷумҳурихоҳ мегӯянд, ки ҳукумати Амрико бар хилофи тааҳудоти худ, тамоми ҷузъиёти тавофуқнома бо Эронро ба Конгресс ифшо накардааст. Ба гуфтаи онҳо, ҳукумати Барак Обама “замимаҳои махфии” тавофуқномаро ба конгресс надодааст, ки бар асоси онҳо Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бояд иҷрои тавофуқнома аз тарафи Эронро назорат кунад. Бар асоси ин санадҳо, ҷузъиёти созишномаи алоҳидаи оҷонси мазкур ва Эрон набояд ба Конгресси Амрико дода шавад, аз ин рӯ талоши ҷумҳурихоҳон барои гирифтани ин ҷузъиёт зоҳиран ноком мешавад. Вакилони Конгресси Амрико бояд то рӯзи 17-уми сентябр барои қабул ва ё рад кардани тавофуқномаи атомӣ бо Эрон раъй диҳанд, дар акси ҳол санади мазкур ҳукми иҷро мегирад. Бар асоси ин тавофуқ аз рӯзи 14-уми июл, Эрон бояд дар ивази аз байн бурдани таҳримоти байналмилалӣ, фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд кунад.

XS
SM
MD
LG