Пайвандҳои дастрасӣ

“Истиқлол” ва “Антикоррупсия” – муддаиёни Ҷоми “Истиқлол”


Имрӯз, 10 сентябр, барандаи Ҷоми “Истиқлол” оид ба футболи хурд маълум мешавад.

Дар бозии ниҳоии Ҷоми бошгоҳи футболи “Истиқлол” оид ба футболи хурд, ки имрӯз, 10 сентябр, дар майдони хурди маснӯии Варзишгоҳи марказии пойтахти Тоҷикистон байни ду дастаи Душанбе - “Истиқлол” ва “Антикоррупсия” – барпо мегардад, ғолиби мусобиқаи имсола муайян хоҳад шуд.

Нахуст соати 18:00 барои ҷои сеюм дастаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва “Ориёнбонк” рақобат мекунанд. Баъдан соати 19:00бозии ниҳоӣ байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Антикоррупсия” барпо мегардад.

Маблағи ҷавоизи мусобиқаи имсола 70 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 40 ҳазор сомонӣ, ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 20 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд. Дастае, ки ҷойи севумро мегирад, соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мегардад. Инчунин роҳбарони дастаҳои ҷоизадор ва бозигарону доварони беҳтарин бо ифтихорномаю ҷоизаҳои молӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, дастаи ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон) ду бор барандаи Ҷоми бошгоҳи футболи «Истиқлол» гардидааст. Ин даста ду бор дар бозиҳои ниҳоӣ бар тими “Вавилон”-и Душанбе пирӯз шудааст. ФФТ дар мусобиқаи аввалин соли 2013 бар «Вавилон» бо ҳисоби 4:1 ва соли гузашта бо ҳисоби 6-4 ғолиб омадааст.

Вале дар мусобиқаи имсола ФФТ, барандаи дукаратаи Ҷоми “Истиқлол”, дар даври ниманиҳоӣ аз тими “Антикоррупсия” шикаст хӯрд. Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар задани силсилаи пеналтӣ кори бозигарони «Антикоррупсия» омад кард ва онҳо бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуданд. Дар бозии дигари ниманиҳоӣ «Истиқлол» бар «Ориёнбонк» бо ҳисоби 7:4 ғолиб омад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG