Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷии Арманистон ба Душанбе меояд


Эдвард Налбандян, вазири умури хориҷии Арманистон.
Эдвард Налбандян, вазири умури хориҷии Арманистон.

Эдвард Налбандян, вазири корҳои хориҷии Арманистон дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон сафар мекунад. Вазири корҳои хориҷии Арманистон ин хабарро рӯзи 9 сентябр зимни ироаи паёми табрикӣ ба Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба муносибати 24- умин солгарди истиқлоли ин кишвар баён кардааст. Ҷаноби Налбандян дар ин паём гуфтааст, “анъанаи эҳтироми мутақобилонаву самимона ва дӯстии мардумони Арманистону Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир асоси бунёдӣ барои густариш ва тақвияти равобиту ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф ба манфиати ҳар ду кишвар аст.”

Вазири корҳои хориҷии Арманистон ибрози умедворӣ кардааст, ки сафари расмии барномарезишудааш ба Тоҷикистон дар моҳи ҷорӣ гоми муҳиме барои тақвияти ҳамкориҳо миёни ҳар ду кишвар хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбеи 10 сентябр зимни тасдиқи хабари сафари расмии вазири корҳои хориҷии Арманистон ба Тоҷикистон гуфтаанд, ки ин сафар нимаи дуюми моҳи ҷорӣ баргузор мешавад. Аммо ин масъулон санаи дақиқи сафари расмии вазири корҳои хориҷии Арманистон ба Душанберо эълом накарданд.

Зимнан, миёни Тоҷикистон ва Арманистон ҳудуди 30 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расида ва ҳар ду кишвар узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд. Мубодилаи коло миёни Тоҷикистон ва Арманистон дар соли гузашта ҳудуди 1 миллион долларро ташкил додааст, ки аз назари мақомоти ҳар ду кишвар қонеъкунанда нест.

Аз соли 2000-ум то кунун раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Арманистон ба кишварҳои ҳамдигар ду маротибагӣ; солҳои 2002 ва 2011, раиси ҷумҳури Арманистон ба Тоҷикистон ва солҳои 2004 ва 2010, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Арманистон сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом додаанд.

XS
SM
MD
LG