Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барномаи “Об барои ҳаёт”-ро дар СММ ҷамъбаст мекунад


Тоҷикистон дар чорчӯби як нишасти Созмони Милалли Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк барномаи кориаш дар даҳсолаи байналмилалии "Об барои ҳаёт”-ро натиҷагирӣ мекунад. Ба хотири ширкат дар ин ҳамоиш ҳайате аз мақомоти Тоҷикистон 27 сентябр ба ИМА сафар мекунад. Масъулони дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 9 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин мавзӯъ дар як мулоқоти Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷӣ бо Александр Зуев, Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ) дар Тоҷикистон баррасӣ шудааст. Ба таъкиди масъулон, “дар ин мулоқот тарафҳо ҳамчунин раванди иҷрои лоиҳаҳои СММ-ро, ки дар қаламрави Тоҷикистон амалӣ мегарданд, баҳсу баррасӣ намуданд”. Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони Милали Муттаҳид буда ва ин созмони дар пешбурди барномаҳои гуногунсоҳаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ин кишвар кӯмак мекунад.

XS
SM
MD
LG