Пайвандҳои дастрасӣ

Путин: Русия аз талошҳои Тоҷикистон ҳимоят мекунад


Владимир Путин

Владимир Путин

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки аз талошҳои Тоҷикистон барои таъмини оромӣ дар минтақа ҳимоят мекунад. Вай ин нуктаро дар паёми шодбоши худ ба муносибати 24 солагии истиқлоли Тоҷикистон баён доштааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Кохи Кремл ба матбуот хабар додааст.

Дар ин паём омадааст, “Русия ҳамаҷониба аз талошҳои пайгири раҳбарияти Тоҷикистон барои таъмини субот дар минтақа ва пешгирӣ аз ҳар гуна амале барои ноором сохтани кишвар ҷонибдорӣ мекунад”.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дар остонаи 24 солагии ҷашни истиқлол гурӯҳе аз низомиён ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода-муовини пешини вазири дифоъ шӯриш бардоштанд ва ба дараи Ромит паноҳ бурданд. Амалиёти боздошти онҳо дар дараи Ромит то ҳол идома дорад.

XS
SM
MD
LG