Пайвандҳои дастрасӣ

Ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Томск боздошт шуданд


Кормандони бахши мубориза бо маводи мухаддири пулиси Томски Русия дар шаҳри Стрежевой 2 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт кардаанд. Ин ду шаҳрванд хонаи худро дар ихтиёри муътодони маводи мухаддир гузоштаанд ва аз онҳо пул мегирифтаанд.

Дар ин бора хабаргузории Интерфакси Русия гузориш додааст. Бар зидди ин ду шаҳрванди Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҷараёни амалиёти боздошт ба ҷуз аз иқоматкунандагони ин хона 5 нафар шахсони бегона низ дар ин хона будаанд ва онҳо дар ҳолати хамр ё хумори нашша қарор доштаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG