Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Доғистон имоми як масҷидро парронданд


Дар ҷумҳурии Доғистони Русия як имомро ба қатл расонданд. Кумитаи тафтишотии Русия мегӯяд, ду марди ниқобпӯш имом Муҳаммад Хидировро дар роҳ ба сӯи масҷиди Новий Куруш ё Куруши Нав паррондаанд. Ин русто дар ноҳияи Хасавюрти Доғистон дар марз бо Чеченистон қарор дорад.

Хидиров 34 сол дошт ва 2 ҳафта пеш аз қатли вай Замирбек Маҳмудови 32 сола ва рӯҳонии дигари доғистонӣ низ дар Ставрополи Русия, ки бо Доғистон ҳаммарз аст, ба қатл расонида шуд.

Имомҳо маъмулан бо дастури мустақими раёсати сабтиномшудаи Идораи мусулмонони Русия таин мешаванд ва аз сиёсатҳои ҳукумат ҷонибдорӣ ва исломи ислоҳотталабро таблиғ мекунанд.

XS
SM
MD
LG