Пайвандҳои дастрасӣ

Обама заминаи иҷрои қарордод бо Эронро таъмин кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар Сенат 42 ҷонибдор пайдо кард ва акнун қонунгузорони Амрико наметавонанд аз иҷрои қарордод дар бораи барномаҳои ояндаи ҳастаии Эрон пешгирӣ кунанд. Ин қарордод моҳи июли соли ҷорӣ дар поёни музокироти ҳастаии шаш қудрати ҷаҳонӣ бо Эрон ба даст омада буд.

Рӯзи сешанбе чаҳор сенатори дигар аз Ҳизби Демократ эълон карданд, ки аз ин қарордод ҷонибдорӣ мекунанд. Акнун шумораи сенаторҳои ҷонибдори ин қарордод ба 42 нафар расид.

Ричард Блументол-сенатори Коннектикут ва яке аз 4 сенатори нави ҷонибдор гуфт, ки дар шароити кунунӣ беҳтар аз ин қарордод чизи дигаре вуҷуд надорад.

Акнун гурӯҳи дигаре аз сенаторҳо, ки мехостанд аз иҷрои ин қарордод пешгирӣ кунанд дар ақалият қарор гирифтаанд ва наметавонанд садди роҳи иҷрои қарордод шаванд, яъне ба ин тартиб мухолифони ин қарордод аз имкони гузоштани қарордод ба райдиҳӣ дар Конгресс маҳрум шуданд ва барои иҷрои қарордод дигар зарурате барои райдиҳӣ боқӣ намемонад.

XS
SM
MD
LG