Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳодияи Аврупо паноҳҷӯёнро тақсим мекунад


Жан Клод Юнкер

Жан Клод Юнкер

Жан Клод Юнкер-раиси Кумиссиюни Аврупо барномаҳо дар бораи рафъи бӯҳрони паноҳҷӯён дар Аврупоро эълон кард. Бар асоси пешниҳодҳо, 160 ҳазор паноҳҷӯ аз Юнону Маҷористон ва Итолиё ба кишварҳои дигари узви Иттиҳодияи Аврупо тақсим мешаванд.

Шумораи тақсими паноҳҷён ба даромади нохолиси миллии кишварҳо, шумораи аҳолӣ ва сатҳи бекорӣ дар он кишварҳо иртибот дорад. Илова бар ин, кишварҳои Аврупо дар бораи қабули шумораи паноҳҷӯён дархостҳои худро пешниҳод кардаанд.

28 кишвари узви ин иттиҳодия баъд аз Ҷанги дуввуми ҷаҳон бори аввал бо мушкили сарозер шудани шумораи зиёди муҳоҷирону паноҳҷӯён мубориза мекунанд.

СММ пешгӯӣ мекунанд, ки мумкин аст дар давоми соли ҷорӣ 380 ҳазор нафар барои дарёфти паноҳандагӣ аз Баҳри Миёназамин ба Аврупо бигзаранд. Бештари онҳо аз ҷанг ва фақр дар кишварҳои Ховари Миёна, ба вижа аз Сурия ва Африқо фирор мекунанд.

XS
SM
MD
LG