Пайвандҳои дастрасӣ

Дар муноқишаҳои Украина 7 962 нафар кушта шудаанд


СММ мегӯяд, ки дар даргириҳои Украина дастикам 7 962 нафар кушта, 17 811 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ин рақамҳо тақрибӣ аст ва шояд шумораи дақиқ бештар аз он бошад. Дар ин бора Дафтари Ҳуқуқи башари СММ 8 сентябр гузорише пахш кардааст.

Аз моҳи апрели соли 2014 нируҳои ҳукуматии Украина ва шӯришиёни ҷонибдори Русия дар шарқи Украина бар зидди якдигар ҷанг мекунанд.

Степан Полторак-вазири дифои Украина 8 сентябр гуфт, ки нируҳои Украина дар давоми якуним соли охир ҳар рӯз 2 то 4 бор мавриди ҳамла қарор мегиранд.

Дмитрий Песков-сухангӯи Кохи Кремли Маскав куштор дар ҷангҳоро тасдиқ кард, вале Киевро муттаҳам мекунад, ки барои иҷрои созишномаи оташбас қадам пеш намегузорад ва дар минтақаҳои зери назорати шӯришиён ба онҳо мухторият намедиҳад.

XS
SM
MD
LG