Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон омода аст вазъи Сурияро баррасӣ кунад


Ҳейнз Фишер ва Ҳасан Рӯҳонӣ дар Теҳрон
Ҳейнз Фишер ва Ҳасан Рӯҳонӣ дар Теҳрон

Ҳасан Рӯҳонӣ-раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, кишвараш омода аст, ки бо Амрико ва Арабистони Саъудӣ дар бораи роҳҳои ҳали муноқишаи Сурия ба музокира биншинад.

Рӯҳонӣ ин суханонро 8 сентябр дар Теҳрон дар як конфронси муштарак бо Ҳейнз Фишер-раиси ҷумҳури Австрия изҳор дошт. Вай гуфт, “Эрон барои ояндаи орому бехатар ва демократии Сурия омода аст бо ҳар кишвари минтақа ва қудрати ҷаҳонӣ паси ҳар мизи музокира биншинад”.

Аммо Ҳасан Рӯҳонӣ таъкид кард, ки дар ин музокирот сарнавишти баъдии Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурияро баррасӣ нахоҳад кард, то замоне ки дар ин кишвар сулҳ ба даст наояд.

Рӯҳонӣ гуфт: “Ҳадафи нахустини мо қатъи хунрезӣ, таъмини амният ва фароҳам сохтани шароит барои бозгашти мардум ба хонаҳояшон аст. Сипас мо дар бораи оянда сӯҳбат мекунем”.

Эрон аз режими Башор Асад дар Сурия ҳимоят мекунад ва Амрикову Арабистони Саъудиро барои кӯмак ба шӯришиён ва тундравҳо муттаҳам медонад.

XS
SM
MD
LG