Пайвандҳои дастрасӣ

Сокини Мурғоб барои 2 кило ёқути қочоқӣ боздошт шуд


Кормандони пулиси Тоҷикистон як сокини ноҳияи Мурғобро ба эҳтимоли қочоқи сангҳои гаронбаҳо ва хариду фурӯши ғайриқонунии он боздошт кардааст. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.

Дар ин хабар омадааст: «Ҳангоми бозрасии бадани боздоштшуда аз вай 2 килограм санги гаронбаҳои ёқут мусодира кардаанд». Вазорат мегӯяд, бар зидди ин шаҳрванд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар хабар аз ин сокини боздоштшудаи Мурғоб ном набурдаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG