Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Австрия дар марзи Қирғизистон боздошт шуд


Марзбонони Қирғизистон дар ҷануби ин кишвар як шаҳрванди Австрияро боздошт карданд. Вай бо дастгоҳи парвозкунандаи бесарнишин дар рустои Сари Тоши ноҳияи Олой дар марз бо Тоҷикистон ғайриқонунӣ ба наворбардорӣ машғул будааст.

Дар ин бора Гулмира Борубаева-намояндаи расмии Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба матбуот хабар додааст. Ба гуфтаи Борубаева, ин шаҳрванди Австрия барои нақзи низоми пешбинишуда дар марзҳои давлатӣ боздошт шудааст. Вай барои наворбардорӣ иҷозаи расмӣ надошт.

Борубаева мегӯяд, шахси боздоштшуда аз Тоҷикистон ба таври қонунӣ вориди Қирғизистон шудааст.

XS
SM
MD
LG