Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Номзади пешини раёсати ҷумҳурӣ боздошт шуд


Алес Михалевич

Алес Михалевич

Алес Михалевич - номзади пешини мақоми раёсати ҷумҳурии Белорус дар марзи миёни Литваву Белорус боздошт шудааст. Михалевич, ки то ҳол дар Ҷумҳурии Чех дар ғурбат ба сар мебурд, 8 сентябр телефонӣ ба бахши беларусии Радиои Озодӣ гуфт, ки сарбозони горди Беларус вайро ҳангоми убур аз марз дар қатори Вилнюс-Минск боздошт кардаанд.

Вай гуфт, ки мехост ба Белорус ба назди аъзои хонаводааш баргардад ва дар он ҷо бимонад. Вай афзуд, “фикр мекард, ки барои бозгашт фурсати муносиб расидааст”.

Михалевич яке аз номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар интихоботи соли 2010 буд ва вайро ба иттиҳоми ташкили тазоҳуроти эътирозӣ боздошт карда буданд.

Баъд аз раҳоӣ аз боздошт дар соли 2011 вай гуфт, ки кормандони КГБ вайро дар боздоштгоҳ шиканҷа додаанд ва вай нахостааст бо ин ниҳоди кашф ҳамкорӣ кунад. Сипас вай ба Ҷумҳурии Чех фирор кард ва ба вай паноҳандагии сиёсӣ дода буданд.

Додситонии Белорус мегӯяд, ки Михалевич дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG