Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди гузоштани нимпайкараи Акбари Саттор дар Душанбе


Акбари Саттор дар 51-солагӣ даргузашт
Акбари Саттор дар 51-солагӣ даргузашт

Гурӯҳе аз журналистони тоҷик аз Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хостанд, ки барои бунёди нимпайкараи Акбари Саттор, раиси собиқи Иттифоқи рӯзноманигорон ризоят диҳад.

Созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карданд, ки ба бунёди нимпайкараи Акбари Саттор, раиси марҳуми Иттифоқи журналистон, дар назди бинои Маҷмааи табъу нашри "Шарқи озод", маъруф ба ГЖК иҷозат диҳанд. Ёқуб Исмоилов -- раиси Маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳо, ки пешниҳоди гузоштани пайкара ба Акбари Сатторро кард, "ӯро як журналисти намуна ва қобили қабул барои ҳама номид".

Ин пешниҳод 8 сентябр, дар рӯзи байнулмилалии ҳамраъйии журналистон ва ёдбуди Акбари Саттор дар Душанбе садо дод.

Инчунин дар ин ҳамоиш пешниҳод шуд, ки 28 август, рӯзи даргузашти Акбари Саттор, ҳамчун рӯзи “Ҳамрайъии журналистони тоҷик” эълон ва дар рустои Мортеппаи ноҳияи Ҳисор як мактаб ба номи ӯ гузошта шавад.

Гузоштани нимпайкараи Акбар Саттор ва таъсиси ҷоиза ба номи ин журналисти саршинос аз дигар пешниҳодҳои ҷомеаи журналистии тоҷик буд, ки дар ин маҳфил садо доданд.

Сайёфи Мизроб, раиси Кумитаи тадорукоти гиромидошти журналист Акбари Саттор ва сардабири ҳафтаномаи “СССР” мегӯяд, ба хотири гиромидошти ёди хабарнигор, ки нақшаш дар журналистикаи мустақили тоҷик бузург аст ва дар долонҳои ҳукумат ҳам чун "вазири" журналистони тоҷик шинохта мешуд, эълони рӯзи ҳамрайӣ ва таъсиси ҷоиза зарур аст.

Ба қавли ҷаноби Мизроб, Акбари Саттор пуле миёни ҳукумат ва журналистикаи мустақил буд.

“Мақомот зимни баҳс ва норозигӣ аз кори кадом журналисте одат дошт, ҳатман ба ӯ муроҷиат ва шикоят кунад ва ӯ ҳам дар тамоми баҳсҳои марбут ба матбуот роҳи ҳалли беғаразонаро пешниҳод мекард ва талоши бидуни ранҷиш ба созиш овардани тарафҳоро мекард. ”Ман бовар дорам, агар "Рӯзи нав" ва "Нерӯи сухан" дар замони раҳбарии ӯ мебуданд, баста намешуданд”, - мегӯяд, Сайёфи Мизроб.

Ҳамчунин ҷомеаи журналистӣ пешниҳод дорад, то яке аз кӯча ё мактабе дар Ҳисор ба номи Акбари Саттор гузошта шавад.

Мӯсо Асозода, вакили маҷлиси шаҳри Душанбе, ки аз ин пешниҳодҳо огоҳ аст, онҳоро ҷолиб хонд ва гуфт, пас аз баррасии ин пешниҳодот дар маҷлиси вакилони Душанбе тасмими ниҳоӣ гирифта хоҳад шуд. Аммо ҷаноби Асозода, гуфт, “Акбар лоиқ аст, то як кӯча ё як мактабе ҳатто дар Душанбе ба номаш гузошта шавад. Ин ҳеҷ ҷои тааҷҷуб набояд дошта бошад.”

Ба ин тартиб дар сурати қабул шудани ин пешниҳод, ҷомеаи Тоҷикистон шоҳиди аввалин нимпайкараи як журналисти даврони истиқлол дар Тоҷикистон хоҳем шуд.

Албатта то кунун муҷассамма ва пайкараҳое аз Садриддин Айнӣ, Абулқорсим Лоҳутӣ, ки дар матбуоти тоҷик ҳам саҳме доштанд, дар шаҳри Душанбе дида мешавад. Ҷоизаҳое ҳам дар соҳаи журналистика ба бо номи ин шахсиятҳо ва аз ҷумла Воҳид Асрорӣ, Отахон Латифӣ ва Мазҳабшоҳ Муҳаббатшо таъсис ёфтаанд, ки ба рӯзноманигорони ҷасуру боитеъдод ва заҳматкаш тақдим мешаванд.

Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, рӯзи 28 август дар синни 50-солагӣ аз олам чашм пӯшид. Вай аз соли 2007 раҳбарии бузургтарин созмони журналистии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва узви Кумиссиюни марказии интихоботи ин кишвар буд.

Зоҳиран сактаи қалб сабаби марги ин журналисти маъруф шудааст.

Акбари Саттор аз соли 2007 раҳбарии созмони журналистии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва узви Кумиссиюни марказии интихоботи ин кишвар буд.

Ӯ соли 1990 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯза)-и Русияро хатм карда, фаъолияташро дар нашрияи “Ҷумҳурият” оғоз кардааст. Дар солҳои 1990-ум ибтидо ҳафтаномаи “Дайджест-Пресс” ва ба дунболи он “Чархи гардун”-ро таъсис дод. Иттиҳодияи эҷодии “Чархи гардун”-и Акбари Саттор бар иловаи ин ду нашрия ҳамчунин ҳафтаномаҳои “Вечерний Душанбе”, “Аладдин” ва “Марду зан”-ро фаро мегирифт.

ВИДЕО: Маросими видоъ бо Акбари Саттор

Маросими видоъ бо Акбари Саттор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:30 0:00

XS
SM
MD
LG