Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳфили ёдбуди Акбари Саттор


Акбари Саттор
Акбари Саттор

Ин лаҳзаҳо дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳамраъйии журналистон барои поси хотири Акбари Саттор, раиси собиқи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҷараён дорад. Ин маҳфили ёдбуд дар толори Маҷмааи рӯзномаву маҷаллаҳои “Шарқи Озод” ва бо иштироки масъулони давлатӣ, созмонҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигорон баргузор мегардад.

Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Шӯрои ВАО, созмонҳои рӯзноманигории "Медиа-Алянс", НАНСМИТ ё Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон аз баргузоркунандагони ин маҳфили ёдбуд мебошанд.

Маҳфили ёдбуди марҳум Акбари Саттор, собиқ раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳоле баргузор мегардад, ки имрӯз 8 сентябр – ба унвони Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистон дар ҷаҳон таҷлил мегардад.

XS
SM
MD
LG