Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Э.Раҳмон аз бархӯрди манфиатҳо ва фаъолшавии ифротиён


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми худ ба 24-умин солгарди Истиқлоли кишвар бори дигар аз шиддатёбии бархӯрди манфиатҳо ва фаъолшавии ҳаракатҳои ифротгароӣ дар ҷаҳон ҳушдор дод.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8 сентябр ҳангоми ироаи паёми табрикиаш бахшида ба ҷашни Истиқлоли кишвар гуфт, ки ҳанӯз камбудҳо дар зиндагии ҷомеа ва давлат вуҷуд доранд ва ҳалли ин мушкилот "бо дастгирии мардуми заҳматкашу таҳаммулгароямон ва бо заҳмати аҳлонаву софдилона" имконпазир аст.

Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр аз 24-умин солгарди Истиқлолаш таҷлил мекунад. Оқои Раҳмон мегӯяд, дар тӯли ин муддат Тоҷикистон ба пешрафтҳои бунёдие ноил гардидааст, ки "сарнавишти минбаъдаи кишвар ба онҳо вобастагии мустақим дорад".

Ба қавли ӯ, "муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад." Ӯ афзуд, "агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд."

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома ифротгароӣ ва дигар хатарҳои муосирро таҳдид ба истиқлолии давлатӣ, мавҷудияти давлати мустақил, сохтори демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, суботу амният ва ҳаёти осоишта, хонаву оилаи ободи ҳар як фард ва арзишҳои неки миллии мардуми тамаддунсози тоҷик донист. Ӯ гуфт, "шиддатёбии бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ,​ тамоюли дубора ба қутбҳои сиёсиву низомӣ ҷудо намудани олам, паҳншавии тафаккури харобиовари ифротгароӣ, қувватгирии фаъолияти ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва монанди инҳо суботу амнияти давлатҳои ҷаҳонро, дар маҷмӯъ, ба таҳдиди ҷиддӣ рӯбарӯ намудааст."

Ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон гуфт, муборизаи Тоҷикистон ба муқобили экстремизму терроризми байналмилалӣ дар асл мубориза барои ҳифзи давлат, истиқлолият, фарҳангу забон, арзишҳои миллӣ ва зиндагии озоду осудаи халқамон мебошад. "Шахсоне, ки ин роҳи таърихиро тай кардаанд, хуб дар ёд доранд, ки эҳё ва барқарор кардани ҳар як рукни давлатдорӣ ва ҳар як сохтори фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ чӣ заҳмати бузургеро талаб мекард," -- таъкид дошт ӯ.

24 сол қабл, рӯзи 9-уми сентяби 1991, дар нишасти ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қабул шуд. Зериин санад раиси вақти Шӯрои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раисиҷумҳур Қадриддин Аслонов имзо гузошт ва дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наве ифтитоҳ шуд. Тоҷикистон пас аз 8 моҳи эълони истиқлолият ба гирдоби ҷанги дохилӣ фурӯ рафт, ки панҷ сол идома кард. Дар ин ҷанг, ки то соли 1997, замони имзои Созишномаи сулҳ, давом кард, 150 ҳазор сокини Тоҷикистон кушта ва наздики як миллион нафар бехонаву дар шуд.

XS
SM
MD
LG