Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Ҳилманд 11 корманди пулис кушта шуданд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ки дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар вилояти Ҳилманд 11 корманди пулис кушта шудаанд. Сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон, гуфтааст, ки 6 сентябр ин ҳамларо нируҳои НАТО анҷом додаанд.

Аммо нируҳои эътилофи байналмиллалӣ таъкид кардаанд, ки дар он рӯз дар вилояти Ҳилманд амалиёти ҳавоӣ анҷом надодаанд.

Як мақоми расмӣ мегӯяд, ки ин ҳамла дар ҷараёни амалиёти боздошти қочоқбарони маводи мухаддир анҷом гирифтааст. Ба гуфтаи ин манбаъ, 4 афсар аз раёсати мубориза бо қочоқи маводи мухаддири вазорати дохила низ дар ин ҳамла ҷароҳат бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG