Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Постекоглу: Бозии хубро бо мунтахаби Тоҷикистон интизорем


Ангелос Постекоглу
Ангелос Постекоглу

​​Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар арафаи бозии дастаҳои мунтахаби миллии футболи Тоҷикистону Австралия нишасти хабарӣ доир шуд.

Рӯзи 7 сентябр дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Ҳаятт Риҷенси Душанбе” пеш аз бозии даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В” байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Австралия нишасти хабарӣ барпо гардид.

Дар ин нишаст нахуст Ангелос Постекоглу, сармураббии тими миллии Австралия, ба хабарнигорон гуфт, ки дастааш баъди пирӯзӣ бар тими Бангладеш қувваашро оҳиста-оҳиста азнав барқарор месозад. Ӯ афзуд, “алъон ягон мушкил надорем ва бозии хубро муқобили мунтахаби Тоҷикистон интизорем. Танҳо аз як чиз нигаронем, ки ин ҷо бозӣ дар майдони маснуӣ баргузор мешавад, вале мо ба майдони табиӣ одат кардаем. Инчунин аз пазироии хуши мизбонон ва шароити хуби фароҳамкардаашон изҳори сипос мекунем”.

Мубин Эргашев
Мубин Эргашев

Баъдан Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби Тоҷикистон, меҳмононро ба Душанбе хайра мақдам гуфт ва иброз дошт, “ба Душанбе омадани яке аз дастаҳои пурқуввату номдор боиси ифтихори мост ва бозие, ки дар арафаи Рӯзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор мешавад, тӯҳфаест ба ҳаводорони футбол”.

Дар ин нишаст, инчунин Фатҳулло Фатҳуллоев, нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон, гуфт, “мо кӯшиш мекунем муқобили тими миллии Австралия, ки дастаи пурқувваттарини Осиё аст, бозии хуб нишон диҳем”.

Ёдовар мешавем, бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Австралия рӯзи сешанбеи 8 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 18:00 шурӯъ мешавад.

Доварони ин бозӣ аз Баҳрайн мебошанд. Довари ФИФА Ҷамил Ҷумъа Абдулҳусейни 42-сола сардовари ин бозӣ таъин шудааст. Муҳаммад Ҷаъфар Муҳаммад Салмони 35-сола ва Наваф Шоҳин Халифа Мӯсои 36-сола ба ҳайси доварони марзи майдон хидмат хоҳанд кард. Абдулазиз Юсуф Абдулло вазифаи довари эҳтиётиро бар дӯш дорад. Масъуд Муродӣ аз Эрон нозири доварон ва Ту Силианг из Чин комиссари ин бозӣ таъин шудаанд.

Баъди анҷоми бозии даври чаҳоруми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2018 миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Австралия мухлисони футбол метавонанд бо билетҳои тамошои ин дидор, инчунин дар бозии лотерея ширкат намоянд.

Нишасти хабарии сармураббиҳои Тоҷикистону Австралия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:24 0:00

Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, се адад смартфон ё телефони ҳушманди Samsung S6 ва се адад соатҳои ҳушманди Samsung Gear S бурдҳои лотерея мебошанд.

Нархи билети оддӣ 20 сомонӣ, билетҳои махсус 100 сомонӣ, билетҳои VIP 700 сомонӣ муқаррар шудааст. Бо билети VIP мухлис бозиро дар курсии мулоим тамошо карда, ҳангоми танаффус ба ӯ дар нуқтаи ғизо хидмат расонида мешавад.

Дар даври севуми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар минтақаи Осиё дар гурӯҳи “В”, ки 3 сентябр баргузор шуд, мунтахаби Австралия тими миллии Бангладешро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод. Бозии дигари ин гурӯҳ миёни дастаҳои мунтахаби Урдуну Қирғизистон дар Уммон бо ҳисоби мусовии 0:0 поён ёфт.

Мунтахаби Тоҷикистон аз бозии даври севум озод буд. Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “В” баъди натиҷагирии се даври мусобиқот мунтахаби Австралия бо 6 имтиёз пешсаф аст. Дастаҳои Урдун ва Қирғизистон бо 4-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои дувуму севум ҷойгир шудаанд. Тимҳои Тоҷикистону Бангладеш, ки якимтиёзӣ доранд, дар ҷойҳои чоруму панҷум қарор гирифтаанд.

Ҷоми ҷаҳон-2018. Сабқати интихобӣ. Марҳилаи 2-юм

Гурӯҳи «B». Даври 3-юм

Австралия – Бангладеш – 5:0

Урдун – Қирғизистон – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Австралия

2

2

0

0

7-1

6

2

Урдун

2

1

1

0

3-1

4

3

Қирғизистон

3

1

1

1

4-3

4

4

Тоҷикистон

2

0

1

1

2-4

1

5

Бангладеш

3

0

1

2

2-9

1

Тақвими бозиҳои боқимондаи гурӯҳи "В”:

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Австралия

Бангладеш – Урдун

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Австралия

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун – ТОҶИКИСТОН

Қирғизистон – Бангладеш

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

ТОҶИКИСТОН – Бангладеш

Австралия – Қирғизистон

Даври 8-ум

17 ноябр (сешанбе)

Бангладеш – Австралия

Қирғизистон – Урдун

Даври 9-ум

24 март (панҷшанбе)

Австралия – ТОҶИКИСТОН

Урдун – Бангладеш

Даври 10-ум

29 март (сешанбе)

ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

Австралия – Урдун

XS
SM
MD
LG