Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози машқҳои бесарнишинҳои Русия дар Тоҷикистон


Ҳавопаймоҳои бесарнишини "Леер-2" ва "Гранат-1"-и Русия дар размоишгоҳи Лоҳур дар 40 километрии ҷануби шаҳри Душанбе машқу тамрини низомиёни Русия ва Тоҷикистон дар шароити кӯҳистониро оғоз кардаанд. Дар ин бора Ярослав Рошупкин - ёвари фармондеҳи нируҳои Ҳавзаи марказии низомиии Русия хабар додааст.

Вай гуфтааст, «дар ҷараёни машқҳо барои мубориза бо гурӯҳҳои ғайриқонунии низомӣ дар кӯҳистонҳо ин ҳавопаймоҳои бесарнишин гурӯҳҳои рамзии душманро ҷустуҷӯ ва воҳидҳои низомиро раҳнамоӣ мекунанд».

Ба гуфтаи Рашупкин, ҳадафи аслии ин машқҳо дар Тоҷикистон пайдо кардани роҳҳои ягонаи муқобила бо ҷангсолорон ва таъмини низоми ягонаи мухобирот мебошад.

XS
SM
MD
LG