Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозгарони Кишинёв шаҳраки хаймаӣ бунёд мекунанд


Эътирозҳо дар Кишинёв

Эътирозҳо дар Кишинёв

Созмондиҳандагони тазоҳуроти эътирозӣ дар Кишинёв - пойтахти Молдова дар майдон хайма гузоштаанд ва субҳи 7 сентябр эълон карданд, ки то замоне, ки дархостҳояшон иҷро нашавад, аз майдон намераванд.

Даҳҳо ҳазор нафар 6 сентябр дар маркази Кишинёв ба эътирозгарон пайвастанд ва истеъфои президент Николае Тимофтӣ ва баргузории интихоботи зудрасро тақозо доранд. Ин дар ҳолест, ки дар ин кишвари фақир як миллиард доллар фасоди бонкӣ мушоҳида шудааст.

Эътирозгарон ҳамчунин истеъфои мақомоти раҳбарии Бонки Марказии Молдова ва Додситонии куллро тақозо кардаанд.

Пулис тахмин мезанад, ки бештар аз 60 ҳазор нафар дар эътирози 6 соатаи майдони марказии назди биноҳои ҳукуматӣ ширкат доштаанд. Баъд аз раҳпаймоии 6 сентябр созмондиҳандагон даъват карданд, ки дар майдон 30 хайма гузошта шавад. Ин гурӯҳи созмондиҳандагон аз худ гурӯҳи Ифтихор ва Ҳақиқат ном бурдаанд.

Дар остонаи интихоботи порламонии моҳи ноябри соли 2014 аз се бонки Молдова тақрибан 1 миллиард доллар "гум" шудааст.

XS
SM
MD
LG