Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изтироби Шӯрои уламо аз ҳамлаҳои 4 сентябр


Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз ҳамлаҳои маргбори бомдоди чоруми сентябр дар Душанбе ва Ваҳдат, ки мақомот дар ташкили он муовини вазири дифоъ Абдуҳалим Назарзодаро муттаҳам мекунанд, изҳори ташвишу изтироб кардааст. Шӯрои уламо 7 сентябр бо нашри изҳороти расмӣ ба волидону наздикони кормандони вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ин ҳамлаҳо ҷон бохтаанд, изҳори таслият намудааст. “Худованди бузургу тавоно ва меҳрубону карим ҳамаи мову Шумо ва диёри азизи моро аз ҳама хавфу хатар ва аз шарри ҳасудону нотавонбинон дар паноҳаш нигаҳ дорад,” -- таъкид шудааст дар поёни ин изҳорот.

XS
SM
MD
LG